Home: News ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АФСАРОНИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОНА ТАҚДИМ КАРД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today438
Week1016
This month4115
Only333027
Video

Forum

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АФСАРОНИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОНА ТАҚДИМ КАРД

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 – юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9-ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоџикистон ба истифода дод.

Фармоишгари асосии бунёди ин бинои боҳашамат, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз гардида буд, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иџроияи Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон буда, он аз џониби пудратчӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои нав Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои аввал бо шароити зист шинос шуд. Бинои истиқоматӣ аз 18 хонаи сеҳуџрагӣ ва 27 хонаи дуҳуџрагӣ иборат буда, бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ қариб 15 миллион сомониро ташкил дода, он дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи лоиҳаи бунёди бино, сифати кори сохтмончиён ва ороишу таџҳизонидани ҳуџраҳо бо ашёи лозимаи рӯзгор баҳои арзанда дод. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда, онро тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар рӯзҳои таџлили 23 – юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ маънидод кард.

Имрӯз 45 оилаи муҳофизони сарбаланду сарфарози Ватан, ки аъзои он дар маџмӯъ беш аз 240 нафарро ташкил мекунанд, бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили зист шуданд.

Афсарон ва кормандони Вазорати мудофиа дар џавоб ба ин иқдоми хайрии роҳбари хеш изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва арџгузорӣ ба муқаддасоти он содиқона хизмат мекунанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ, шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар гардида, Артиши кишвар баробари муџаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти џангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардидааст.

Таъмини афсарону дигар хизматчиёни низомӣ бо манзили зист яке аз тадбирҳои неки Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии афсарон ва дигар хизматчиёни Артиши миллӣ аст, ки бо шарофати пойдории сулҳу субот дар џумҳурӣ ба даст омадааст. prezident.tj

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ