Ба аввал: Навид ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ НЕКИ ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ ВАТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз464
Дирӯз460
Моҳ9644
Ҳамагӣ285396
Наворҳо

Форум

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ НЕКИ ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ ВАТАН

Ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ғалабаи пойтахт чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар оғози чорабинии мазкур бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқи Ватан, аз номи ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди лавҳа ва гулхани абадии хотиравӣ гулчамбарҳо гузошта шуданд.

Дар чорабинӣ, инчунин муовини вазири мудофиаи кишвар Асрор Латифзода, ҳайати фармондеҳии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, масъулини раёсатҳои ин ниҳоди қудратӣ собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуда, ба муносибати иди касбии низомиён дар назди лавҳаи ёдгории 28 нафар сарбози номаълум гулчамбар гузоштанд.

Дар охир аз ҷониби ротаи қаровулии фахрии Полки камендантӣ гузашти низомӣ доир карда шуд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо