Home: News ТАҶЛИЛ АЗ 23-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today429
Week1007
This month4106
Only333018
Video

Forum

ТАҶЛИЛ АЗ 23-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Тантанаҳои идонаи ҷашнӣ ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати мудофиа тибқи қоидаҳои доимии низомиён бо ворид намудани парчами давлатӣ, байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани суруди миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур вазири мудофиаи кишвар, ҳайати фармондеҳии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону сарбозон ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шерали Мирзо бо нутқи пурмуҳтаво ба сухан баромада, доир ба ғамхориву дасгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати низомиён, омодагии доимӣ алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷомеаи муосир, ривоҷу равнақи ҳамкориҳои ҳарбӣ, баланд бардоштани интизом, масъалаи таъмини кадрҳои низомӣ ва дар маҷмӯъ оид ба ҳама дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо ёдовар шуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизонро табрику таҳният кард.

Дар ҷараёни чорабинии идона, инчунин фармондеҳону афсарони Вазорати мудофиа ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуда, атрофи бурду бохти низомиёни мамлакат ва рушду камоли сипари боэътимоди давлат ибрози андеша намуданд.

Дар охири чорабинии идона бо фармони вазири мудофиаи кишвар хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ бо раҳматнома, медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ