Home: News ТАРТИБИ РӮЗИ САРБОЗОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today410
Week988
This month4087
Only332999
Video

Forum

ТАРТИБИ РӮЗИ САРБОЗОН

Тартиби рӯз, ин яке аз омилҳои самаранок гузаронидани вақт барои хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор рафта, сарбозону афсарон аз руи тартиби муайянгардида дар қисму воҳидҳои низомӣ рӯзи худро сипарӣ менамоянд. Дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат тартиб бо бархезии умумӣ оғоз гардида, афсарону сарбозон ба навъҳои гуногуни варзиши пагоҳирузӣ машғул шуда, ба саломатӣ ва пурқувватии хеш аҳамияти бештар зоҳир менамоянд.

Ин басо ҳам зарурӣ аст, зеро бе варзишу тарбияи ҷисмонӣ мо ҷавонон наметавонем ояндаи солими худро дошта бошем. Сарбозону афсарони воҳидҳои низомӣ аз рӯи ҷадвали омӯзиш ба машғулиятҳои методӣ-таьлимӣ машғул шуда, ба наваскарон бошад, тарз ва усули нигоҳ доштани яроқро меомӯзонанд.

Бояд қайд кард, ки тамоми синфхонаҳои таълимӣ дар қисмҳои низомӣ бо шароитҳои хуби замонавӣ таъмин карда шудаанд, ки сарбозону сержантон метавонанд дар вактҳои таъиншуда аз ин синфхонаҳои компютерӣ истифода бурда, дониши худро сайқал диҳанд, зеро донистани техникаҳои замонавӣ ба ҳар яки онҳо шарт ва зарур мебошад.

Дар вақтҳои муайянгардида сарбозон бо омӯзиши яроқу аслиҳа ва сайқал додани тактикаи ҷангии хеш машғул шуда, машқҳои амалӣ мегузаронанд. Ин машғулиятҳо ба сарбозон имкон медиҳад, ки донишҳои зарурии худро мукаммал гардонида, дар ҳолати омодабошии ҳамешагии ҷангӣ қарор дошта бошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар китобхонаҳои сарбозон намунаи бештари китобу маҷмуаҳо фароҳам оварда шудааст. Он имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ бо истифода аз он савияи донишҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ахлоқиву ҳуқуқии хешро сайқал диҳанд. Дар баробари таълиму тадрис ва машқу тамрини ҳамарӯза, инчунин ҳайати шахсии сарбозон дар вақтҳои холигии хеш ба соатҳои фароғатӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин ҳам талаботи тартиби рӯз барои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Умуман дар тамоми воҳиди низомии Қувваҳои Мусаллаҳ сарбозону афсарон аз рӯйи тартиби рӯзи хизматчиёни ҳарбӣ фаъолияти хешро пеш бурда, бо интизоми баланди ҳарбӣ барои хизмати сарбаландона ба халқу Ватан омода мебошанд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ