01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ДУРНАМОИ АГЕНТИИ ТАЪМИНОТИ АМВОЛИ МАХСУС БАРОИ СОЛИ 2016
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДУРНАМОИ АГЕНТИИ ТАЪМИНОТИ АМВОЛИ МАХСУС БАРОИ СОЛИ 2016

Масъулини Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои беҳдошти таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ, пояфзолу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Ҷаласае, ки дар Агентии таъминоти амволи махсус баргузор гардид, пеш аз ҳама таъминоти ҷузъу томҳои сохторҳои низомии мамлакат дар соли 2015 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, нақшаву дурнамои он барои соли 2016 ҳамаҷониба баррасӣ гардид.

Аз рӯи масъалаҳои зикрёфта, директори Агентӣ, масъулини соҳаи ақибгоҳии сохторҳои низомӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар шахсони дахлдор ибрози назар карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ғайр аз меъёри муқарраргардидае, ки барои таъминоти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо пешбинӣ шудааст, иловатан ҳамасола новобаста аз баргузории иду ҷашнҳо баҳри таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ, бо маҳсулоти зарурӣ ва дигар маводи хурокворӣ тадбирҳои лозимаро роҳандозӣ менамояд.

Зимни баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ, қайд карда шуд, ки Агентии таъминоти амволи махсус дар тобеияти худ корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасонро доро мебошад ва дар онҳо асосан маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шуда, чорводориву паррандапарварӣ, фермаи мурғ ва моҳипарварӣ рушд мекунад.

Тавре зикр ёфт, бо ташкили корхонаи дузандагӣ, ки наздики 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, масъулини агентӣ азм доранд, ки миқдори муайяни таъминоти сару либосро барои хизматчиёни ҳарбӣ аз ин корхона ба роҳ монанд.

Дар ҷаласа, инчунин вобаста ба сифати истеҳсоли пояфзол, сару либос ва дигар маҳсулот мубодилаи афкор сурат гирифт, ки масъулини соҳаи ақибгоҳии сохторҳои низомӣ, фикру андешаҳои гуногунро пешниҳод намуданд. Илова бар ин, дар ҷаласа тамоми пешравиҳо вобаста ба фаъолияти масъулини агентӣ таҳлил гардида, монеаҳои мавҷуда муҳокима шуданд. Ва барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш