Home: News ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today405
Week983
This month4082
Only332994
Video

Forum

ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?

Дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Душанбе қарор дорад, ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид.

Дар он масъулин оид ба соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии сохторҳои қудратии пойтахт ва минтақаи Хатлон иштирок доштанд. Ҷамъомади мазкур дар доираи барномаи мукаммали таълимӣ аз ҷониби масъулини сохтори ақибгоҳии Вазорати мудофиа баргузор гардида, он аз чанд давраи омӯзиш иборат буд, ки ҳайати шахсии ҷалбгардида, зина ба зина мавзӯҳои лозимаро дар самти фаъолияти худ мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ҷамъомад ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, дар қисмати машғулиятҳои назариявӣ ҳайати афсарони масъул мавзӯъҳои таъмини дурусти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ бо маводи хӯрока, сару либоси низомӣ ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ақибгоҳиро аз бар намуданд. Ҳамзамон, дар дарсҳо масъалаи таъминоти маводи озуқаворӣ ҳангоми сафарбарӣ низ аз ҷониби иштирокдорони ҷамъомади методию таълимии масъулин оид ба ақибгоҳ таҳлилу баррасӣ гардид. Дар бахши амалии ин ҷамъомад бошад, ҳозирин ҳолати дурусти нигоҳдошти маводи озуқаворӣ, истифодаи сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ ва амсоли инро дар амборҳои назди қисми ҳарбӣ мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ин ҷамъомади таълимотӣ дар асоси нақшаи ягона дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу ба роҳ монда шуда, тибқи иттилои масъулин оид ба ақибгоҳии Вазорати мудофиаи мамлакат дар назар аст, ки он давоми соли равон дар дигар минтақаҳои кишвар низ доир карда мешавад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ