Home: News ВАРЗИШ ДӮСТИИ БАЙНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИРО БОЗ ҲАМ ҚАВӢ МЕСОЗАД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today438
Week1016
This month4115
Only333027
Video

Forum

ВАРЗИШ ДӮСТИИ БАЙНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИРО БОЗ ҲАМ ҚАВӢ МЕСОЗАД

Бахшида ба 22-солагии таъсисёбиии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни хизматчиёни ҳарбӣ аз 4-ум то 12-уми августи соли 2015 спартакиада баҳри дарёфти Ҷоми вазири мудофиа баргузор мегардад.

Спартакидаи мазкур дар пойгоҳи қисми ҳарбии 07033-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ байни афсарону сарбозони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъҳои қӯшун, Донишкадаи ҳарбӣ, сохторҳои қудратии мамлакат, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия ва Контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷараён дорад.

Иштиокчиёни мусобиқа аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, ҳар яке дар навбати худ кӯшиш менамояд, ки ба пирӯзӣ ноил гарданд. Лозим ба ёдоварист, ки афсарон аз рӯйи намуди варзиши валейбол, футбол ва тенисси рӯи миз, сарбозон дар навбати худ, аз рӯи намуди варзиши валейбол, футбол ва гуштини миллӣ байни ҳамдигар сабқат намуда истодаанд.

Пайваста ташкилу ба роҳ мондани ҳамин гуна мусобиқот ва иштироки хизматчиёни ҳарбӣ дар он, аз он шаҳодат медиҳад, ки афсарону сарбозони Артиши миллии ҷумҳуриамон дар бурдани тарзи ҳаёти солим ва омодагии ҷисмонии худ хеле фаъол буда, барои ҳифзи якпорчагии ин марзу бум омодаанд, тамоми маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд.

Дар назар аст, ки ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз тарафи Клуби марказии варзишии артиш бо медалу ифтихорномаҳои хотиравӣ сарфароз гарданд. Инчунин дар анҷоми мусобиқа дастаи ғолибони ҷои ифтихории якумро Ҷоми Вазири мудофиа интизор аст.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶТ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ