Home: News ТИРПАРРОНӢ БО ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОНИ ДАР ЭҲТИЁТ КАРОРДОШТА
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today290
Week1978
This month8654
Only337566
Video

Forum

ТИРПАРРОНӢ БО ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОНИ ДАР ЭҲТИЁТ КАРОРДОШТА

Авзои зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир нерӯҳои мусаллаҳи ҳар як кишварро водор месозад, ки ҷиҳати омодабошии баланди ҷангии хеш чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар сайқал додани донишу малакаи шаҳрвандон вобаста ба омӯзиш ва корбарии яроқу аслиҳаи ҷангӣ кушишу талош дошта бошанд.

Роҳбарияти ВМ ҶТ низ ҷиҳати дар амал қарор додани ин ҳадаф пайвата машғӯлиятҳои амлӣ-саҳроӣ ва ҷамъомадҳои методӣ-таълимиро бо ҷалби шаҳрвандони қобили хизмат ташкилу роҳандозӣ менамоянд.

Ҷамъомади методӣ-таълимие, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷалби бештари аҳолии қобили хизмат, доир карда шуд, нисбат ба солҳои қаблӣ аз ҳар ҷиҳат фарқкунанда буд. Зеро дар навбати аввал масъулини комисариати ҳарбии ноҳия бо шаҳрвандон сӯҳбату мулоқотҳо ороста, аҳамияти ташкилу гузаронидани ин қабил ҷамъомадҳоро дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ муҳим баррасӣ намудаанд.

Дар нахусткори ҷамъомад ҷавонони синну соли гуногун ва дигар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, бо навъҳои гуногуни яроқ шинос карда шуда, аз ҷониби масъулин тарзи дуруст итифода намудани яроқи бар ӯҳдадошта ва қоидаҳои бехатарии он нишон дода шуд.

Зимни баргузории ҷамъомади навбатӣ аён гардид, ки сарбозону афсарони дар эҳтиёт қарор доштаи ноҳия аз худ маҳорату малакаи хуб нишон дода, барои ба ҳадафрасонии тирҳо аз яроқҳои оташфишон низ пешсаф буданд. Умуман ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ва машғӯлиятҳои амалии саҳроӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд доир карда мешаванд, зеро шароти кӯҳии Тоикистон дар ташкилу гузаронидани ин қабил чорабиниҳо хело ҳам мусоид мебошад.

Ҳар як ҷавонмарди қобили хизмат зимни иштирок дар он кӯшиш менамояд, ки вазифаҳои ба зимааш вогузор шударо сарбаландона иҷро намояд. Аз ин рӯ, қайд кардан ба маврид аст, ки ҷамъомади навбатӣ низ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии сафарбарии мақомотҳои идории маҳаллӣ ва сатҳи тайёрии ҳарбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, ташкилу ба роҳ монда шудааст.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶТ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ