Home: News Машқҳои муштараки низомӣ бо номи «Уқоби даштӣ - 2015» дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today405
Week983
This month4082
Only332994
Video

Forum

Машқҳои муштараки низомӣ бо номи «Уқоби даштӣ - 2015» дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Машқхои муштараки Ситодӣ-фармондеҳӣ, дар машқгоҳи таълимии «Илийский»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ду давр, давоми 10 рӯз ва ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт.

Дар машқҳо гурӯҳҳои амалиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Непал, инчунин намояндагон аз Фаронса, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка ширкат намуданд.

Дар ҷараёни баргузории машқҳои муштараки низомӣ мавзӯъҳои гуногуни ба он пешбинишуда тарҳрезӣ гардида, иштирокчиён вобаста ба натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул менамуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳӣ, таҳти унвони «Уқоби даштӣ - 2015» ин пеш аз ҳама такмил додани донишу малака, таҳлили амиқи вазифаҳои ҷангӣ ва омодагии доимии ҷузъу томҳо, тибқи низомномаи Созмони Миллали Муттаҳид ҳангоми иштирок дар амалиётҳои сулҳҷӯёнаро дар бар мегирифт.

Аз ин рӯ, дар машқҳо бештар мавзӯъҳои таълимӣ, вобаста ба тартиби банақшагирии амалиёти сулҳҷӯёна ва рушди он, қабули вазифаҳои ҷангӣ, таҳлил ва аниқнамоии вазифаҳои сулҳҷӯёна дар доираи баргузории машқҳои ситодӣ-фармондеҳӣ, идоракунии ситоди роҳбарикунанда, вобаста ба қобилияти ҷангии ҷузъу томҳо, «иштироки Қувваҳои мусаллаҳи Непал дар амалиёти сулҳҷӯёна дар чорчӯбаи Созмони Миллали Муттаҳид», таҳлилу фарқгузории афзалиятнокӣ ва сустии ҷонибҳо, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва амсоли ин мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳҳои амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин машқхои муштараки ҳарбӣ, алакай бори сеюм аст, ки ширкати фаъолона карда, дар самти иҷро намудани вазифаҳои ҷангии ба онҳо вобасташуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон медиҳанд. Зимни анҷом ва натиҷагирӣ аз даври ниҳоии машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳии «Уқоби даштӣ-2015», байни низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи 8 давлат мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиёни он бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶТ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ