Home: News Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба қисми низомии 07017 ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today429
Week1007
This month4106
Only333018
Video

Forum

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба қисми низомии 07017 ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро дар пойгоҳи қисми низомии 07017-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон, тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои Оркестри ҳарбии нафасӣ дар фазои тантанавӣ, истиқбол гирифтанд.

Табобатхонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октиябри соли 2014 ба фаъолият шурӯъ намуда, он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Шифохона дорои 50 кати хоб буда, дар он муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор карда, ҳамзамон ҳамкасбони тоҷики худро барои истифода намудан, аз таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардида меомӯзонанд.

Чунки тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд. Бинои шифохона сеошёна буда, дорои шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст, ки дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тибб ҷой гирифтааст.

Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тибб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст. Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ мебошад. Барои таъмини мунтазами шифохона бо нерӯи барқ дар ин ҷо трансформаторҳои алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин шифохона натанҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002-юм манша гирифта он дар самтҳои омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули иттилооту таҷрибаомузӣ дар муборизаи муштараки зидди террористӣ ва расондани кумакҳои техникӣ бар Артиши ҷавони Тоҷикистон сол ба сол густариш меёбад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶТ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ