Home:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today223
Week3797
This month7577
Only308580
Video

Forum

Domestic trips

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

10 06 2019

 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ  таъмин гардидааст.
Аснои шиносоӣ, иброз гардид, ки Маркази идоракунии сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.
Мутахассисони соҳа Роҳбари давлатро бо фаъолияти марказ аз наздик шинос намуда, роҷеъ ба истифодабарии технологияи муосир ва усули кории он маълумот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки фароҳамсозии шароити мазкур имконият дод, ки минбаъд гурӯҳи навбатдорон шабонарӯзӣ аз ҳамин ҷо тартиби ташкили муҳофизати сарҳад аз ҷониби сардорони ҷузъу томҳо ва тартиби пешбурди хизмати назоратчиёни сарҳадиро дар саросари Тоҷикистон назорат намуда, дар ҳолати зарурӣ ба тартиби муҳофизати сарҳад тағйирот ворид намоянд.

муфассал

 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ НОРАК

25 03 2019

 

Субҳи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ - Ҷашни байналмилалии Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, аҳли илму фарҳанг ва ҷавонони шаҳри Норак бо рӯҳияи болида дар фазои шукӯҳманди наврӯзӣ истиқбол гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.
Нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тарҳи корҳои таъмири асосии неругоҳ пешкаш гардид. Неругоҳи барқи обии “Норак” бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардида, 26 марти соли 1966 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 300 МВт 15 ноябри соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Неругоҳ аз 9 агрегат иборат буда, аз соли 1979 бо иқтидори пурраи 2700 МВт кор кардааст. Соли 1988 дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8 агрегат бо 335 МВт ва 1 адад бо 320 МВт ба 3000 МВт расонда шуд.

муфассал

 

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАКТАБ - ИНТЕРНАТИ РАҚАМИ 1 БАРОИ КӮДАКОНИ ЯТИМ

02 01 2019

28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ - мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал оварданд.
Муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 305 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 33 нафар ятим, 10 бепарастор, 38 нафар бемодар ва 225 нафар бепадар буда, аз онҳо 78 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин ҷо 55 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олии касбӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 41 нафарро занон ва 36 нафарро кормандони хоҷагӣ ташкил медиҳанд.
Барои таъмини синфхонаҳо бо гармӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шабакаи гармидиҳии мактабро пурра таъмир кардааст. Баҳри фароҳам овардани шароити муосири донишомӯзӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе ба хонандагон як автобуси нав, барои ҳамаи синфхонаҳо тахтаи электронӣ, компютерҳои навтарин тақдим намуд.
Муассиса бо 30 тахтаи электронӣ, 65 компютери корӣ, 11 ноутбук ва 76 камераи назоратӣ таъмин мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ду майдончаи муосири варзиш бунёд кард.

муфассал

 

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

29 12 2018

Боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар ноҳияи Рӯдакӣ
21  декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту  аёниятҳои дарсӣ  таъмин гаштаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ҷониби соҳибкор Нуршед Машрабов бунёд ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, ин соҳибкор бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифта буд ва сохтмони ин иншоот дар зарфи як сол пурра анҷом дода шуд.   

муфассал

 

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ “БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”

18 12 2018

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт, шинос шуданд.
Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006  дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд.
Масоҳати боғ наздики 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуданд, ки нашъунамои хуб доранд  ва ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содир мегардад. Дар масоҳати наздики 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар, ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.

муфассал

 
<< Start < Prev 1 2 3 4 Next > End >>

Page 1 of 4
Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform