Public relations

"БАҲМАНМОҲИ ХУНИН". АГАР ФАЪОЛИЯТИ НАҲЗАТИҲО ПЕШГИРӢ МЕШУД...

18 02 2019

 

Дар бораи воқеаҳои февралии соли 1990 - “баҳманмоҳи хунин”, ки бисту нуҳ сол пеш дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ омада буд, бисёр гуфтаанду навиштаанд ва то ҳол баъзеҳо сабабгору гунаҳкорони онро меҷӯянд. Аммо, таҳлили вазъи ҳамонвақтаи Тоҷикистон, ҷараёни ҳодисаҳои “баҳманмоҳи хунин” ва хулосаи комиссияи тафтишотии вобаста ба он нишон медиҳанд, ки гунаҳкори асосии воқеаҳои мазкур маҳз роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ - экстремистии наҳзат буданд. 
Рӯҳонияти мазҳабии мутаассиб, ки ба наҳзат мансуб буданд, бо дастури сарпарастони хориҷиашон вазъияти ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шӯравии собиқро, ки рӯ ба вайроншавӣ дошт, ба назар гирифта, мақсади ғасби ҳокимияти сиёсӣ доштанд. Бо ин мақсад онҳо барои бадном кардани роҳбарияти собиқи Тоҷикистон ва ноором сохтани вазъият, аввал овоза паҳн карданд, ки гӯё ба арманиҳои дар натиҷаи заминҷунбии Арманистон зарардида (ин заминҷунбии харобиовар моҳи декабри соли 1989 дар Арманистон рух дода буд)  дар шаҳри Душанбе манзилҳои истиқоматӣ медода бошанд. Ин тоифа ба он хотир чунин овозаро паҳн карданд, ки медонистанд, масъалаи таъмини аҳолии Душанбе бо манзил дар он замон ниҳоят мушкил ва ҳалталаб буда, ҳазорҳо нафар дар навбати хонагирӣ меистоданд. Дар натиҷа, як қисми одамони аз асли воқеа бехабар ба ин иғво дода шуданд ва мисли гумроҳон бо даъвати таблиғгарони наҳзатӣ дар майдон ҷамъ омаданд. 

муфассал

 

СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ АРТИШ

18 02 2019

Дар Паёми навбатии хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мардуми хирадманду дурандеш ва соҳибмаърифати тоҷик даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободу сарзабз нигоҳ доштани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бо дилу нияти нек саҳмгузори ин марзу бум бошанд. Ҳамчунин, зимни ироаи Паём, Пешвои миллат бо ифтихор иброз намуданд, ки “мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”. Дар ин раванд, бовар дорам, ки ҳар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, садоқат ба халқу Ватан, риояи талаботҳои ойинномаҳо ва интизоми ҳарбиро дар сатҳи лозима ба роҳ мемонад. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ, дар таърихи навини давлатдории тоҷик ҳодисаи ҳаммақом ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро, нерӯҳои ҳарбии таъмини мудофиа кафили давлату давлатдорӣ буданд ва хоҳанд монд. Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар вусъат бар шумораи умумии нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани нерӯҳои ҳарбии таъмини мудофиаи Тоҷикистонро муайян намуд ва ба амал баровард.

муфассал

 

АРТИШИ МО-ҚУДРАТУ НЕРӮЙИ ИСТИҚЛОЛИ МО

18 02 2019

Хизмат ба халқ, саъю кӯшиши пайваста ба хотири ҳифзи Истиқлолият, якпорчагии қаламрави Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати тамоми сокинони он ва дастгириву пуштибонии сулҳу оромӣ-бузургтарин вазифа ва муқаддастарин қарзи ҳар кадоми мову шумост ва ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси худро фаромӯш кунад”. Эмомалӣ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро водор мекунад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд, ки сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намоянд. Аз ин рӯ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Зеро, дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад ва ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.

муфассал

 

АРТИШИ МИЛЛӢ АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ!

18 02 2019

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намудааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол бо заҳмату талошҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ дар шароите, ки барои бунёди он ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт, шурӯъ кардааст. Шароити пешрафти босуръати ҷаҳонӣ тақозо кард, ки дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла Артиши миллӣ таҷрибаҳои пешқадамро ҷорӣ намоем.

Баҳри ноил гаштан, ба ташкили кишвари соҳибистиқлол санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид. Дар ин ҷода бо ҳидояту талош ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 50 давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омадасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

муфассал

 

Сутуни истиқлол

14 02 2019

Саҳми Пешвои миллат дар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

23-юми феврали соли 2019, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки ин давр бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад.Даври асосӣ, ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

муфассал

 
<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 10 of 29