Public relations

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ. ҲАДАФИ ОН ТАФРИҚААНДОЗӢ МИЁНИ МАРДУМ АСТ

15 04 2019

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарар, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар ин ё он мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм бошад, ин содир намудани амалҳое мебошад, ки таҳдид ба марг намуда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишор, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он ба ифротгароӣ сабзида расад. 
Таъкид кардан зурур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифротгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Ифротгароии динӣ дар худ динро ниқоб интихоб менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни аҳли ҷомеа аст. Ин гуна афроди ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канорҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо ҷой гирифта, ба айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд.

муфассал

 

ТЕРРОРИЗМ. ТАҲДИД БА ҶОНИ ҲАР СОКИНИ САЙЁРА

11 04 2019

 

Ҳанӯз чанд сол пеш бо дарки вазъи ногувор дар ҷаҳон ва шиддат ёфтани ҷангҳои мусаллаҳона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид иброз доштанд: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». 
Ин дар ҳоле буд, ки густариши ин зуҳуроти номатлубу фалокатборро ба дин ва мазҳаб, хосса дини ислом, алоқаманд медонистанд. Бешак, мақсадҳои нопоку ғаразҳои бади сиёсии худро мехостанд бибароранд. Инчунин, ба ин васила дини мубини ислом ва мазҳабҳои ростини онро доғдор бисозанду ба ҷаҳониён бад, балки бисёр бад вонамуд бисозанд. Дар асл ислом рӯшану возеҳ ва қотеона дар муқобили ин вабои асри навин сухани худро гуфта ва мавқеи дурусту пойдори худро ошкор сохтааст: «Ва ҳар кас муъминеро аз рӯи амд (қасдан) ба қатл бирасонад, кайфараш (подошаш, ҷазояш) дӯзах аст, ки дар он ҷовидона мемонад ва Худованд бар ӯ ғазаб мекунад ва ӯро аз раҳматаш дур месозад ва азоби бузургеро барои ӯ омода сохтааст».
Ба таҳқиқ, қотилу мақтул – ҳар ду дар оташи дӯзаханд. Оре, мақтул низ қотил шуда метавонист, агар бар ҳарифи худ дар ин маврид даст меёфту ғолиб мегардид.

муфассал

 

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ

09 04 2019

Бо мақсади амалинамоии дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат дар гарнизони Хатлон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсус доир гардид. Дар доираи баргузории он, тамоми ҷузъу томҳои ин гарнизон бо бонги хатари пурраи ҷангӣ бардошта шуда, дар мавзеъҳои мудофиавӣ мавқеъҳои худро ишғол намуданд. Дар ин баробар, захираҳои эҳтиётӣ, яъне шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибудаи ин гарнизон низ дар қатори ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии минтақа дар чорабинии мудофиавӣ фаъолона ширкат намуданд. Вазири мудофиаи мамлакат, генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни баромади худ дар назди захираҳои эҳтиётӣ вобаста ба сиёсати дифоии давлату ҳукумат қайд карданд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани қудрати мудофиавии мамлакат дар партави таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, дар ин самт то имрӯз корҳои муҳиму мақсаднок амалӣ карда мешавад.

муфассал

 

Сафари расмии вазири мудофиа ба Ҷумҳурии Исломи Покистон

09 04 2019

Доир ба сафари расмии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Покистон Дар заминаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ субҳи 9-уми апрели соли равон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломиии Покистон сафар намуд.

Зимни сафар дар назар аст, ки бо роҳбарияти сиёсӣ ва ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин кишвар вохӯрӣ ва мулоқотҳоли судманд ташкилу баргузор гардад.Дар ҷараёни вохӯриҳо дар назар аст, ки масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар замири ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад. Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳарбӣ баҳри рӯшду нӯмуи Артишҳои ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Инчунин мулоқотиҳои судманд, ташакул ва густариш додани муносибатҳои мухталифи низомиро дарбар хоҳад гирифт.

муфассал

 

ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАҲО АЗ 9 САФИРИ НАВ

18 03 2019

 

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Марк Поммершайм, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон Жаниш Рустенбеков, Шоҳигарии Дания Карстен Сендергорд, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Нурдин Муҳаммад Шаҳид, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Алкала Кордонес, Ҷумҳурии Конго Давид Мадука ва Ҷумҳурии Гана Муҳаммед Саюти Яҳая эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои фарогир бо ҳамаи кишварҳои хориҷаи дуру наздик кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад”.

муфассал

 
<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 8 of 28