09 04 2019

Бо мақсади амалинамоии дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат дар гарнизони Хатлон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсус доир гардид. Дар доираи баргузории он, тамоми ҷузъу томҳои ин гарнизон бо бонги хатари пурраи ҷангӣ бардошта шуда, дар мавзеъҳои мудофиавӣ мавқеъҳои худро ишғол намуданд. Дар ин баробар, захираҳои эҳтиётӣ, яъне шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибудаи ин гарнизон низ дар қатори ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии минтақа дар чорабинии мудофиавӣ фаъолона ширкат намуданд. Вазири мудофиаи мамлакат, генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни баромади худ дар назди захираҳои эҳтиётӣ вобаста ба сиёсати дифоии давлату ҳукумат қайд карданд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани қудрати мудофиавии мамлакат дар партави таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, дар ин самт то имрӯз корҳои муҳиму мақсаднок амалӣ карда мешавад.

Дар доираи ҳамин чорабинии муҳими низомӣ, дар маркази вилояти Хатлон барои идора кардани қӯшунҳои сафарбаргардида, ситоди муштараки ҳамоҳангсозии байни сохторҳои қудратӣ ташкил карда шуда, дар ин замина, дар тамоми шаҳру навоҳии ин вилоят бо роҳбарии масъулини мақомоти иҷроия аз ҳисоби намояндагони шуъбаву идораҳои ҷамъиятиву давлатӣ, ситоди идоракунӣ таъсис ёфт. Ҳамин тавр, масъулин дар ҳар як мавзеи мудофиавӣ тибқи нақша ва матлаби чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии сафарбарӣ амал намуда, захираҳои эҳтиётиро вобаста ба тахассус ва таҷрибаи дар замони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ андӯхтаашон ба взводу рота ва дигар гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Ҳамзамон, ба онҳо доир ба ҳадафи баргузории ин ҷамъомади мудофиавӣ, истифодаи силоҳу муҳиммоти навсохти низомӣ, вазифаву таъйиноти ҳар як гурӯҳ дар замони осоишта ва ҷанг маълумот дода, аз шаҳрвандони шарафманди ин вилоят даъват намуданд, ки баҳри дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ ва ҳифзу ҳимояи дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Ба чунин ҷамъомадҳои таълимӣ ҷалб гардидани шаҳрвандони эҳтиётӣ бори дигар онҳоро водор месозад, ки новобаста аз касбу фаъолияти корӣ, омодагии ҳарбиро низ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар назди худ қарор дода, зимни баргузории машғулиятҳои тайёрии сафарбарӣ пайваста ширкат варзанд ва дар ин замина, сатҳи донишҳои ҳарбӣ-сиёсии худро такмил диҳанд. Тибқи нақша, баҳри дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мондани ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссарони ҳарбӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақа дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиа ҷамъ оварда шуданд.

Бар асоси матлаби баргузории ин ҷамъомади ҳарбӣ, иштирокчиёни он ба таълими фанҳои мухталифи низомӣ фаро гирифта шуда, мавзу ва масъалаҳои марбут ба сафарбарии қӯшунҳо то расидани қувваҳои асосии мудофиавӣ, тарзу усулҳои ҳимоя аз хатарҳои воқеӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, дар ҳолати ҷанг ва осоишта муайян намудану ба нақша гирифтани захираҳои эҳтиётӣ, техникаҳои хоҷагии халқ ва таъмини дигар лавозимоти заруриро вобаста ба ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар идома, иштирокчиёни ҷамъомад аз навъҳои мухталифи силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ тирпарронӣ намуданд.

Бо ҳамин тартиб, баҳри ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намудани даври ниҳоии ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсус, котиби Шӯрои амният, вазири мудофиаи мамлакат, раиси вилояти Хатлон, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 25 шаҳру навоҳии ин минтақа, намояндагони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳи низомии Фахробод омаданд. Тибқи мавзӯъ ва матлаби баргузории даври ҷамъбастии машқҳои муштарак, ҷузъу томҳои таъйиноти махсус аз рӯйи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро, маҳаллаҳои аҳолинишин, бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеъҳои стротегӣ ва дараҳои душворгузари кӯҳистони ҷумҳурӣ амалиёт доир намуданд.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти ба машқҳо пешбинишуда аз ҷониби ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ идора гардида, рафти ҳама марҳилаҳои машқҳо, матлаби ба он пешбинишуда ва қабули қарор оид ба ташкили дигар унсурҳои зиддитеррористӣ таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат қарор дошт. Ҳамин тариқ, дар машқгоҳи Фахробод ҷузъу томҳои пиёданизоми Вазорати мудофиа бо истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯш, авиатсияи ҷангӣ, артиллерияи худгард, автомашинаҳои махсуси замонавии зиреҳпӯш, норинҷаки дастӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони мухталифи ҳарбӣ ба сӯйи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки таҷассумгари душманоми шартӣ буданд, оташи шадид равона намуданд.

Зимни ҷамъбасти даври ниҳоии ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Шӯрои амният, вазири мудофиаи мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар назди ҳайати иштирокчиёни тамринҳои васеи низомӣ баромад намуда, вобаста ба таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу суботи мамлакат, амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии кишвар, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ибрози андеша намуданд.

Сипас, аз ҷониби ҳайати шахсии Ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиа барои ширкаткунандагони размоишҳои васеи низомӣ, платсконсерт бо иҷро намудани ҳаракатҳои хоси низомӣ намоиш дода шуд. Баъд аз тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиёни ин чорабинии ҳарбӣ, расми гузашти низомии ҳайати шахсӣ ё худ ҷузъу томҳои дар ин машқҳо ширкатнамуда анҷомбахши даври ҷамъбастии ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсус дар гарнизони Хатлон гардид.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон