Home:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today199
Week2100
This month8919
Only284671
Video

Forum

РӮЗНОМАИ АРТИШ-ҲАМҚАДАМИ АРТИШ

10 12 2018

Рӯзномаи «Ҳомии Ватан»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами Артиши миллӣ буда, нахустшумораи он санаи 10-уми декабри соли 1993 бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ ва дар ҳаҷми чаҳор саҳифа бо теъдоди панҷ ҳазор нусха рӯйи чоп омадааст, ки аз таъсисёбии он 25 сол пур шуд.Дар сафиҳаи аввали рӯзнома табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида, ба табъ расиданидани рӯзномаро Пешвои миллат падидаи нек дониста, чунин қайд кардаанд: «Табрикоти самимонаи хешро ба ҳамаи афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ба табъ расидани шумораи аввалини ҳафтавори Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Ҳомии Ватан» иброз медорам. Умедворам, ки рӯзнома дар кори ба эътидол овардани вазъи кишвар, тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ, баланд намудани ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар кори муқаддаси ҳимояи Ватани хеш саҳми арзанда мегирад.

Дар рӯзҳои солгарди барқарор гардидани Ҳукумати қонунии Тоҷикистон нашр гардидани рӯзнома худ як падидаи нек аст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили дифои кишвар, таъмини сулҳу осоиш, ҳифзи ҳуқуқ ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Боварӣ дорем, ки рӯзномаи шумо, ҳайати эҷодии он, тамоми дониш ва ғайрати хешро баҳри ободу зебо гардонидани кишвар равона хоҳад кард. Комёбиҳои шуморо хоҳонем».

Ҳамчунин, дар саҳифаи аввали рӯзнома табрикоти собиқ вазири мудофиа генерал-майор А. Шишлянников бо забони русӣ ба табъ расида буд. Номбурда ба ин маънӣ менигорад, ки рӯзномаро чунин дидан мехоҳад; якум, ҳақиқатнигорӣ, дуюм, оҷилӣ, сеюм, дастрас ва пурмазмун будани он, чорум, диққатҷалбкунанда будани рӯзнома ва панҷум, ҳақиқӣ инъикос намудани фаъолияти хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар нашрия.

 

Ҳайати эҷодии рӯзномаи Ҳомии Ватан дар рӯзҳои нахустини таъсисёбии нашрия 11 нафарро ташкил медоданд. Илова бар ин, рӯзномаи Ҳомии Ватан ва аҳли эҷоди он аз замони таъсисёбӣ то имрӯз дар самти пешкаши хабару гузоришҳои воқеӣ ва саривақтӣ, ки фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро инъикос менамояд ва аз болои воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷ назорат карда, бо ширкати шахсони масъули вазорат нишастҳои матбуотӣ, вохӯриҳои заруриро ташкил менамоянд. Дар сурати паҳн гардидани маводи аз ҳақиқат дур дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти Артиши миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, баҳри воқеъбинона инъикос намудани маводи иттилоотӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Ҳидоятилло Тиллоев, аввалин сармуҳаррири рӯзнома дар як суҳбати ихтисосӣ иброз дошт, ки то замони нашр шудани рӯзнома дар вазифаи сардори шуъбаи тарбияи психологии Раёсати кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиа фаъолият менамуд ва барои таъсис додани рӯзномае, ки бозгӯкунандаи фаъолияти Артиши миллӣ бошад, ба муовини сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ полковник А. И. Зорькин муроҷиат менамояд. Ин тасмими Ҳ. Тиллоев ба вазири мудофиа пешниҳод мегардад. Генерал-майор А. В. Шишлянников, собиқ вазири мудофиа Ҳидоятилло Тиллоевро барои машғул шудан дар ин самтро вазифагузорӣ мекунад. Аз ҷониби Ҳ. Тиллоев ба вазири вақт барои нашрия ном ва шиор пешниҳод мегардад, ки он пазируфта пешавад. Яъне, номи рӯзнома «Ҳомии Ватан» ва шиори он «Шуҷоат, шараф ва садоқат», ки то ҳол номи нашрияву шиор иваз нагардидаанд.

Замоне рӯзномаи Ҳомии Ватан рӯйи чоп омад, ки дар кишвар ҷанги таҳмилӣ бо суръат идома дошт ва дар мамлакат оромӣ ҳукмфармо набуд. Барои нашри рӯзнома ҳатто баъзан вақт қоғаз намерасид. Ба нашр расонидани чунин рӯзномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чандон осон набуд. Бунёдгузорони рӯзнома ҳафтаҳо ба хонаҳои хеш намерафтанд. Қаламкашон алорағми ҳасудону бахилон ва нотавонбинону мухолифон истодагарӣ карда, Ватани азизи хеш-Тоҷикистонро ҳимоя мекарданд. Албатта, ҳам бо қалам ва ҳам бо яроқ.

Рӯзномаи Ҳомии Ватан аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз барои тарғибу ташвиқи ҳисси миллӣ, баланд намудани ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар кори муқаддаси ҳимояи Ватани хеш саҳми арзанда гузоштааст. Дар саҳифаҳои он доир ба хизмати ҳарбии афсарону аскарон ва мушкилоту пешравиҳояшон гузоришу очерк, суҳбат ва дигар жанрҳо ба табъ мерасад. Барои баланд бардоштани руҳияи афсарону сарбозони шуҷои Ватан мақолаҳо нашр мекарданд. Кормандони рӯзнома тамоми фаъолияти хизматии афсарону аскаронро дар нашрия мунсифона инъикос мекунанд.

Фаъолияти ҳайати шахсии рӯзномаи «Ҳомии Ватан» дар таҳия ва табъу нашри китобҳои 10-15-20 ва 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ, «Шаҳидони зиндаёд», албоми мусаввар ба забонҳои тоҷикию русӣ, англисӣ ва дигар дастурҳои таълимӣ калон мебошад. Ҳамчунин, дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар асоси супориши роҳбарияти Вазорати мудофиа ҳайати эҷодии рӯзнома маҷаллаи рангаи «Муҳофизони Ватан»-ро ба нашр мерасонанд.

Дар муддати 25-соли соли фаъолияти рӯзнома нақши собиқ кормандони рӯзнома назаррас буда, аксарияти онҳо хизмати софдилона ва содиқонаро анҷом додаанд. Ҳилол Музаянов низ яке аз онҳоест,ки хизматҳои ӯро нодида гирифтан камоли ноинсофист. Аз соли 2002 то соли 2015 вазифаи сармуҳарририи рӯзономаро рӯзноманигори ботаҷриба, полковник Ҳилол Музаянов бар зимма дошт. Номбурда рӯзноманигори ҳирфаӣ буда, факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи рӯзноманигории Университети давлатии шаҳри Москави Федератсияи Русияро хатм кардааст. Мавсуф бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, шуруъ аз соли 2015 то инҷониб вазифаи сармуҳарририи рӯзномаро подполковник Фарҳод Ибодуллоев бар дӯш дорад. Фарҳод Ибодуллоев низ хатмкардаи факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳои миллии Тоҷикистон буда, мавсуф фаъолияти кории худро аз соли 2004 дар бахшу соҳаҳои гуногуни Вазорати мудофиа оғоз намудааст.

Хушбахтона, имрӯз дар рӯзномаи «Ҳомии Ватан» беҳтарин рӯзноманигорону мутахассисони варзида ва собиқадорони ботаҷриба хизмат менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо майор Сайёра Файзова, хизматчиён полковники мустаъфӣ Хусрав Аминов, Ҳайдар Худойқулов, Сафар Айюбзодаи Маҳзун ва Шоҳин Шарифов мебошанд, ки барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат, муқаддасоти миллию арзишҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва дар роҳи баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ хизматҳои арзанда менамоянд.

Умед аст, ки кормандони рӯзнома барои тарғибу ташвиқи ватандӯстии ҷавонон бетараф набуда, минбаъд низ барои пешравии давлату ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Азимҷон БАДАЛПУР

 

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform