СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО
11 10 2019
Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бидуни ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Тоҷикистон замоне ба бунёди давлатдории хеш оғоз кард ва сиёсати хориҷии худро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин мекард ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд.
Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд.
Дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон нақши Эмомалӣ Раҳмон бисёр муассир мебошад. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА НОДИРТАРИН ТАҶРИБАИ РАСИДАН БА СУЛҲ11 10 2019 Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст. "РОҒУН" ВА АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИИ ОН БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ01 10 2019 Дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2019 маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» - объекти стратегии мамлакат баргузор гардид. Камтар аз як сол қабл, 16 ноябри соли 2018 дар маросими бошукӯҳе агрегати якуми неругоҳ ба кор даромад. Дар ин чорабинӣ сохтмончиёни лоиҳаи гидроэнергетикӣ ва сокинони мамлакат, меҳмонони сершумори хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон аз агентиҳои бонуфузи иттилоотии хориҷи дуру наздик иштирок намуданд. Ба туфайли кори агрегати якуми НБО «Роғун» сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ва имсол муттасил барқ ва гармӣ доштанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюм иқтидори НБО «Роғун» бамаротиб афзуд. Об сарвати бебаҳои инсоният, ҳаёт ва шукуфоии он мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, роҳҳои истифодаи оқилонаи иқтидори обиву энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, борҳо изҳор доштанд, ки ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ лоиҳаҳоеро, ки бар зарари ҷониби дигар бошад, амалӣ намекунад ва изҳори итминон менамоянд, ки масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбанд. Дар сатҳи олӣ борҳо таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари болооб буда, нисбат ба уҳдадориҳои худ ҷиддӣ рафтор намуда, на дар гузашта, на ҳоло ва на дар оянда, яъне ҳеҷ гоҳ ҷараёни обро ба кишварҳои ҳамсоя дар дарёҳои поёноб маҳдуд накардааст ва намекунад. ДУРӮҒПАРОКАНИИ ИФРОТИҲО Ё АЗ АНҶУМАНҲОИ ВАСВАСАВӢ ТО ҲУВИЯТСИТЕЗИИ НАҲЗАТИҲО01 10 2019 Як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, муздурони беҳувият, хоинони ватанфурӯш аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияшон дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфтаанд. Онҳо барои ноором намудани авзои дохилии Тоҷикистон ва бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат аз ҳама гуна усули муқовимат ва методу фишангҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои шум, ноҷавонмардона, ғаразолуди худ талош доранд. Ҳаёти мардуми тоҷик ва муқаддасоти дини мубини ислом назди ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки яксолагии таъсиси ташкилоти ҷаълии террористии як паймони шикаста ва барбодрафтаро дар шаҳри Варшава ҷашн гирифтанд, ягон арзиш надорад. Саркардагони ин бадхоҳон ва даҳҳо ифротии дигар дар солгарди ташкилоти террористии худ мақсад ва ҳадафи аслиашонро фош намуда, изҳор доштанд, ки мо барои мансабу курсӣ ва барои бадастовардани қудрати сиёсӣ мубориза бурда истодаем. Аз ягон намуди мубориза ва хунрезӣ даст намекашем. Ин гумгаштагон зери унвони фейк, яъне бо номгузории “Паймони миллӣ” кишварҳои аврупоиро фиреби сиёсӣ намуда, мақсадашон тиҷорат ва дарёфти грантҳои хориҷӣ ва лонаи роҳат дар Аврупо аст. |
- ДАВЛАТДОРИЕ, КИ ПРИНСИПҲОИ АСОСИАШ ИЛМ, ХИРАДСОЛОРӢ ВА ТАКЯ БАР ТАҶРИБА АСТ
- ҶАНГ ВА СУЛҲ. АЗ ҚАҲТӢ ТО ФАРОВОНӢ
- «ИТТИҲОДИ ҶАНГӢ -2019»
- Машқҳои муштарак дар гарнизони Хоруғ
- Дарунмояи андешаи миллӣ
- Дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ гузаронида шуд
- ВАҲДАТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА МУҚАДДАС