Худдорӣ аз падидаҳои номатлуб
21 10 2019
Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.
Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд.
Зуҳуроти ифротгароӣ ва пайомади манфии он11 10 2019 Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Cолҳои охир тибқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротгаро зиёд ш Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд.уда истодаанд, ки ширкати онҳо дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ин ақидаро собит месозад. Шомилшавии ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароидошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия» мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаассифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд. СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО11 10 2019 Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бидуни ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Тоҷикистон замоне ба бунёди давлатдории хеш оғоз кард ва сиёсати хориҷии худро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин мекард ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд. ТОҶИКИСТОН ВА НОДИРТАРИН ТАҶРИБАИ РАСИДАН БА СУЛҲ11 10 2019 Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст. "РОҒУН" ВА АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИИ ОН БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ01 10 2019 Дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2019 маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» - объекти стратегии мамлакат баргузор гардид. Камтар аз як сол қабл, 16 ноябри соли 2018 дар маросими бошукӯҳе агрегати якуми неругоҳ ба кор даромад. Дар ин чорабинӣ сохтмончиёни лоиҳаи гидроэнергетикӣ ва сокинони мамлакат, меҳмонони сершумори хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон аз агентиҳои бонуфузи иттилоотии хориҷи дуру наздик иштирок намуданд. Ба туфайли кори агрегати якуми НБО «Роғун» сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ва имсол муттасил барқ ва гармӣ доштанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюм иқтидори НБО «Роғун» бамаротиб афзуд. Об сарвати бебаҳои инсоният, ҳаёт ва шукуфоии он мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, роҳҳои истифодаи оқилонаи иқтидори обиву энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, борҳо изҳор доштанд, ки ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ лоиҳаҳоеро, ки бар зарари ҷониби дигар бошад, амалӣ намекунад ва изҳори итминон менамоянд, ки масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбанд. Дар сатҳи олӣ борҳо таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари болооб буда, нисбат ба уҳдадориҳои худ ҷиддӣ рафтор намуда, на дар гузашта, на ҳоло ва на дар оянда, яъне ҳеҷ гоҳ ҷараёни обро ба кишварҳои ҳамсоя дар дарёҳои поёноб маҳдуд накардааст ва намекунад. ДУРӮҒПАРОКАНИИ ИФРОТИҲО Ё АЗ АНҶУМАНҲОИ ВАСВАСАВӢ ТО ҲУВИЯТСИТЕЗИИ НАҲЗАТИҲО01 10 2019 Як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, муздурони беҳувият, хоинони ватанфурӯш аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияшон дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфтаанд. Онҳо барои ноором намудани авзои дохилии Тоҷикистон ва бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат аз ҳама гуна усули муқовимат ва методу фишангҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои шум, ноҷавонмардона, ғаразолуди худ талош доранд. Ҳаёти мардуми тоҷик ва муқаддасоти дини мубини ислом назди ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки яксолагии таъсиси ташкилоти ҷаълии террористии як паймони шикаста ва барбодрафтаро дар шаҳри Варшава ҷашн гирифтанд, ягон арзиш надорад. Саркардагони ин бадхоҳон ва даҳҳо ифротии дигар дар солгарди ташкилоти террористии худ мақсад ва ҳадафи аслиашонро фош намуда, изҳор доштанд, ки мо барои мансабу курсӣ ва барои бадастовардани қудрати сиёсӣ мубориза бурда истодаем. Аз ягон намуди мубориза ва хунрезӣ даст намекашем. Ин гумгаштагон зери унвони фейк, яъне бо номгузории “Паймони миллӣ” кишварҳои аврупоиро фиреби сиёсӣ намуда, мақсадашон тиҷорат ва дарёфти грантҳои хориҷӣ ва лонаи роҳат дар Аврупо аст. |