"РОҒУН" ВА АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИИ ОН БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

01 10 2019

Дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 2019 маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» -  объекти стратегии мамлакат баргузор гардид. Камтар аз як сол қабл, 16 ноябри соли 2018 дар маросими бошукӯҳе агрегати якуми неругоҳ ба кор даромад. Дар ин чорабинӣ сохтмончиёни лоиҳаи гидроэнергетикӣ ва сокинони мамлакат, меҳмонони сершумори хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон аз агентиҳои бонуфузи иттилоотии хориҷи дуру наздик иштирок намуданд. Ба туфайли кори агрегати якуми НБО «Роғун» сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ва имсол муттасил барқ ва гармӣ доштанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюм иқтидори НБО «Роғун» бамаротиб афзуд.
Имрӯз ба ҳама маълум гардид, ки НБО «Роғун» танҳо як иншооти энергетикӣ нест, ин, пеш аз ҳама, ифтихори муҳандисӣ, музаффарияти технологияи муосир, тафаккури муҳандисӣ ва меҳнати инсонӣ мебошад.

Об сарвати бебаҳои инсоният, ҳаёт ва шукуфоии он мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, роҳҳои истифодаи оқилонаи иқтидори обиву энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, борҳо изҳор доштанд, ки ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ лоиҳаҳоеро, ки бар зарари ҷониби дигар бошад, амалӣ намекунад ва изҳори итминон менамоянд, ки масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбанд. Дар сатҳи олӣ борҳо таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари болооб буда, нисбат ба уҳдадориҳои худ ҷиддӣ рафтор намуда, на дар гузашта, на ҳоло ва на дар оянда, яъне ҳеҷ гоҳ ҷараёни обро ба кишварҳои ҳамсоя дар дарёҳои поёноб маҳдуд накардааст ва намекунад.

муфассал

 

ДУРӮҒПАРОКАНИИ ИФРОТИҲО Ё АЗ АНҶУМАНҲОИ ВАСВАСАВӢ ТО ҲУВИЯТСИТЕЗИИ НАҲЗАТИҲО

01 10 2019

Як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, муздурони беҳувият, хоинони ватанфурӯш аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияшон дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ва  лонаи истироҳат ёфтаанд. Онҳо барои ноором намудани авзои дохилии Тоҷикистон ва бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат аз ҳама гуна усули муқовимат ва методу фишангҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои шум, ноҷавонмардона, ғаразолуди худ талош доранд. Ҳаёти мардуми тоҷик ва муқаддасоти дини мубини ислом назди ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки яксолагии таъсиси  ташкилоти ҷаълии террористии як паймони шикаста ва барбодрафтаро дар шаҳри Варшава ҷашн гирифтанд, ягон арзиш надорад.

Саркардагони ин бадхоҳон ва даҳҳо ифротии дигар дар солгарди ташкилоти террористии худ мақсад ва ҳадафи аслиашонро фош намуда, изҳор доштанд, ки мо барои мансабу курсӣ ва барои бадастовардани қудрати сиёсӣ мубориза бурда истодаем.  Аз ягон намуди мубориза ва хунрезӣ даст намекашем.  Ин гумгаштагон зери унвони фейк, яъне бо номгузории “Паймони миллӣ” кишварҳои аврупоиро фиреби сиёсӣ намуда, мақсадашон тиҷорат ва  дарёфти грантҳои хориҷӣ ва лонаи роҳат дар Аврупо аст.
М. Садриддин сухангӯ ва миссионери салафимаслаки ТТЭ ҲНИ ва Фирӯзи Муъмин дар шабакаҳои иҷтимоии интернет  ақоиди ботил ва идеологияи муҳлику тавтиапардоз ва зидди фарҳанги тоҷикиро рангу тобиши “динӣ” дода, барои фиреби чашми мардум, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, раванди ҷанги иттилоотӣ ва шустушӯи мағзиро, тақвият бахшидаанд.

муфассал

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26 09 2019

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати

муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии

шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.

2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

муфассал

 

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР СУҒД

26 09 2019

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2019 дар вилояти Суғд ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои амалиётӣ-стратегӣ баргузор гардид.

Ин чорабинии муҳими низомӣ дар 4 марҳила ва бо таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, тибқи талаботи машқҳо ва дар марҳилаи якуми он рӯзи 3-сентябри соли 2019 соати 6-и субҳ бо вақти маҳаллӣ тамоми қувваву воситаҳои қӯшунҳои гарнизони Суғд мусаллаҳу муҷҷаҳаз бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ ва бо ишораи бонги хатари ҷангӣ бардошта шуданд ва дар мавзеъҳои мудофиавӣ мавқеъҳои худро ишғол намуданд. Илова бар ин дар бинои комиссариати ҳарбии Суғд ва машқгоҳҳои низомии ҳудуди он барои идора кардани қӯшунҳои сафарбаргардида ситоди муштараки ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои қудратӣ ташкил шуда буд, ки дар он вобаста ба амалӣ намудани тамоми унсурҳои тактикии ба машқҳо пешбинишуда қарори дахлдор қабул мегардид. Ҷараёни баргузори машқҳои муштараки ҳарбӣ аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ идора гардида, рафти ҳама марҳилаҳои размоиши низомӣ ва матлаби ба он пешбинишуда, таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат қарор дошт.Дар марҳилаҳои дуюм ва сеюми машқҳо тибқи талаботи ишораи ҷангӣ раисони шаҳру навоҳии Суғд, роҳбарони аввали сохторҳои қудратию давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин гарнизон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ҷалб карда шуданд. Илова бар ин дар машқгоҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Суғд иштирокчиёни ҷамъомад ба тирпарронӣ ва омӯзиши дигар мавзуъҳое, ки ба ин чорабини муҳими сиёсӣ заруранд фаро гирифта мешуданд.

муфассал

 

<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>