ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
11 03 2019
5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъйиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз шинос шуданд.
Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҳияи нақшаву чорабиниҳо, масъалаи ободонӣ ва таъмини шароити созгори зиндагӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти хосса медиҳанд.
Аз рафти тадбирҳои созандагӣ дар ноҳияҳои пойтахт баръало мушоҳида мегардад, ки тавассути корҳои ободонӣ, таҳияи тарҳҳои муосир ҷиҳати сохтмони иншооти гуногун, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии маишию маданӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва чароғону гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳо имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён мубаддал гардидааст. Боғҳои фарҳангию фароғатии бо тарҳи зебо сохташуда таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардаанд.
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ҲАМКОРИҲО ДАР РОҲИ РУШДАНД11 03 2019 Барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат дар қатори омилҳои дигар таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шарти асосӣ ба шумор меравад, зеро бе рушди ҳамкорӣ пешравии бахшҳои дигар мушкил аст. Сиёсати «дарҳои кушода» яке аз нахустин иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта, ба рушди босуботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳу тараққипарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст. СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ АРТИШ18 02 2019
АРТИШИ МИЛЛӢ АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ!18 02 2019
Баҳри ноил гаштан, ба ташкили кишвари соҳибистиқлол санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид. Дар ин ҷода бо ҳидояту талош ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 50 давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омадасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. |