Ба аввал:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз53
Дирӯз426
Моҳ5927
Ҳамагӣ234727
Наворҳо

Форум

ҲАМПОЁНИ РОҲ ВА ҲАМДАСТОНИ ТАЪРИХ

10 08 2018

Ба муносибати сафари қарибулвуқӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон

Хусусияти барҷаста ва имтиёзи бузурги робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро дар тӯли ҳазорсолаҳо муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва пайвандҳои адабиву фарҳангӣ шакл дода,  таҳаввул бахшидаанд. Робитаҳои хеле наздик ва ба ҳам даромехтаи иқтисодиву  фарҳангӣ маҳсули зисти якҷоя дар як обу хок буда, меҳнати якҷоя ва суннатҳои муштарак дар давоми асрҳо ба ин ҷараён таъсиргузор будаанд. 
Ҳанӯз Алишер Навоӣ дар «Муҳокимат-ул-луғатайн» хусусияти ваҳдат, иттиҳоди иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро, ки дар тӯли замонҳо ҳампоёни роҳ ва ҳамдастони таърих будаанд,  мушоҳида карда, навишта буд: «Дар байни ҷавону пир, балки ҳамаи калону хурди ин ду тоифа ихтилот ба як андоза аст. Ҳар қадар ин якро бо он як омезиш ва гуфтор бошад, он якро ҳам бо ин як ба ҳамон андоза такаллум ва гуфтор ҳаст».  Дар ҳамин матн устод Айнӣ низ тоҷикону ӯзбеконро «як халқи дузабона» унвон кардаанд.
Воқеан ҳам, тоҷикону ӯзбекон дар тӯли таърих дар як муҳити ҷуғрофӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зиста, дар неку бад ва ғаму шодии ҳам  ҳамеша шарик  будаанд. Бузургтарин фоҷиаҳои  таърихро, аз ҳуҷуми арабҳо сар карда, то фоҷиаҳои Чингиз  якҷоя пушти сар карда,  талхиҳои рӯзгору шириниҳои онро бо ҳам қисмат намудаанд. Таърих ҳуҷҷатҳоеро ҳифз кардааст, ки далели қиёмҳои истиқлолхоҳонаи тоҷикону ӯзбекон ба муқобили душманони муштаракашон низ  ҳаст. Ба ифодаи дигар, робитаҳои ин ду халқ фақат ба замони муайян маҳдуд нашуда,  умқ ва вусъати таърихиву паҳнои замонӣ дорад.

муфассал

 

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

12 11 2018

8 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии давлатҳои аъзои созмон дар доираи узвият дар он ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҳисоботи котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба амнияти дастаҷамъӣ ва рафти иҷрои қарордодҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи ноябри соли 2017, доир ба самтҳои ояндадори фаъолият дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

муфассал

 

эълон

01 12 2018

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

1. Мутахассиси пешбари ҳайати роҳбарияти Вазорати мудофиа-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

3. Сармутахассиси Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ-1ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

4. Мутахассиси шуъбаи таъминоти тиббии Раёсати тиббӣ-ҳарбӣ-1ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари хадамоти автомобилии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

6. Мутахассиси хадамоти техникаи зиреҳпӯши Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ-1ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

7. Мутахассиси шуъбаи маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молидании Раёсати ақибгоҳ-1ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ

. 8. Мутахассиси пешбари гуруҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбари Шуъбаи кишоварзӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбари Шуъбаи кишоварзӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

11. Сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбари гурӯҳи барқарорсозии садамавии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

13. Мутахассиси пешбари гурӯҳи барқарорсозии садамавии Раёсати 14. истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

15. Мутахассиси зершуъбаи техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

16. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти моддию техникии Клуби марказии варзишии артиш-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

17. Мутахассиси пешбари шуъбаи тайёрии ҷисмонии Клуби марказии варзишии артиш-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

муфассал

 

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ

13 08 2018

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (минбаъд «Тарафҳо»),
бо пайравии устувор ба Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 15 марти соли 2007, Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 13 августи соли 2007, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон И. Алиев аз 12 июли соли 2012, Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 октябри соли 2014
доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор дода,
бо итминони комил, ки таҳкими дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон ва саъйи Тарафҳо ҷиҳати баровардани муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан беҳтар ба таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тарафҳо мусоидат хоҳад кард ва омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва рушд хоҳад буд,
бо риояи устувори меъёрҳо ва принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳуҷҷатҳои дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ қабулгардида,
бо таъкид ба азми қавии худ ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнидавлатӣ бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии онҳо, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшуда,
бо таъкид ба омодагии худ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар асоси волоияти қонун, демократия, ҳуқуқи инсон ва принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ,
бо мақсади сифати нав бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, истеҳсолот, илму техника, кишоварзӣ, иттилоот, гуманитарӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқии он, изҳор менамоянд:

муфассал

 

<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо