Ба аввал:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз162
Дирӯз323
Моҳ4653
Ҳамагӣ202734
Наворҳо

Форум

20.06.2018

 

БА АРЗАТОН МЕРАСОНЕМ, КИ АЗ 29 ИЮНИ СОЛИ РАВОН БАСТИ ЯКУМИ ИСТИРОЊАТГОЊИ «БАЊОР» БА ФАЪОЛИЯТ ОЃОЗ МЕНАМОЯД.

НАРХИ РОЊХАТ БАРОИ ФАРЗАНДОНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ЊАРБЇ ВА ХИЗМАТЧИЁНИ МУЛКИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА 200 СОМОНЇ ВА БАРОИ ДИГАР ШАЊРВАНДОН 400 СОМОНЇ МЕБОШАД.

ЊУЉЉАТЊОИ ЗАРУРЇ:

1. НУСХАИ ШАЊОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУДИ КЎДАК ВА НУСХАИ ШИНОСНОМАИ ПАДАРУ МОДАР

2. МАЪЛУМОТНОМАИ ТИББЇ

3. РОЊХАТ АЗ РАЁСАТИ МОЛИЯ ВА БУЉЕТИ ВМЉТ

ТЕЛЕФОН БАРОИ ТАМОС:

223-16-47, +992-935-73-71-71

 

 

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ

13 08 2018

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (минбаъд «Тарафҳо»),
бо пайравии устувор ба Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 15 марти соли 2007, Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 13 августи соли 2007, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон И. Алиев аз 12 июли соли 2012, Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 октябри соли 2014
доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор дода,
бо итминони комил, ки таҳкими дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон ва саъйи Тарафҳо ҷиҳати баровардани муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан беҳтар ба таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тарафҳо мусоидат хоҳад кард ва омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва рушд хоҳад буд,
бо риояи устувори меъёрҳо ва принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳуҷҷатҳои дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ қабулгардида,
бо таъкид ба азми қавии худ ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнидавлатӣ бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии онҳо, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшуда,
бо таъкид ба омодагии худ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар асоси волоияти қонун, демократия, ҳуқуқи инсон ва принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ,
бо мақсади сифати нав бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, истеҳсолот, илму техника, кишоварзӣ, иттилоот, гуманитарӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқии он, изҳор менамоянд:

муфассал

 

НАТИҶАИ 11 РӮЗИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.04.2018

Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ беш аз 11 рӯз сипари гардид. Ва дар ин муддат иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ 38 фоизро ташкил медиҳад.

Аз аввали моҳи апрели соли равон чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат муташакилона ва дар сатҳи зарури ҷараён дорад. Ва дар миёни шаҳру навоҳии мамлакат ВМКБ аз ҳама пешсаф буда, алакай дар нахустин рӯзҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияи Мурғоб аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои нақша гузориш дод. Дар ин замина инҷунин ноҳияи Дарвоз низ дар арафаи анҷом бахшидани нақшаи даъват қарор дошта, масъулини комиссияҳои даъвати дар ВМКБ иҷрои ӯҳдадории ба онҳо пешбинишударо то ин дам ба 49 фоиз баробар намудаанд.

муфассал

 

Озмун дар бораи вазифаҳои холӣ

23.05.2018

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони дорои маълумоти олиро барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ даъват менамояд. Интихоб ва қабули шаҳрвандон тибқи озмун аз санаи 23 май то 13 июни соли 2018 баргузор мегардад.

муфассал

 

<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 Дигар > Охирин >>

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо