Ковид-19
04 05 2020
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Э.Раҳмон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ бомақсади пешгирӣ ва сироят наёфтан аз бемории карона вирус ё худ Ковид -19 ва тадбирҳои безараргардонии кучаву хиёбонҳо масъулини Вазорати мудофиаи кишвар низ чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва сироят наёфтан аз бемории сироятии нави коронавирус яъне Ковид-19 ҳама тадбирҳои заруриро роҳандзоӣ менамоянд. Аз ҷумла дар доираи фаъолияти Ситоди Вазорати Мудофиа оид ба пешгирии сироятии Каронавирус аз Дастгоҳи марказиву Ситоди генераӣ шурӯъ гардида, дар ҳудуди ҳама қисмҳои низомии навъҳои қӯшун ва ҳатто машгоҳҳои дурдасттарин чорабиниҳои санитариву гигинӣ дар ҳама бинову иншооти аҳамияти ҳарби дошта пурзур гардонида мешаванд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард астПаёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 21 феврали соли 202023 02 2020 Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан! Сутуни истиқлол23 02 2020НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 23-юми феврали соли 2020, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад.
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АРТИШИ МИЛЛӢ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд. ПАЁМ. МО БОЯД САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!11 02 2020 Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ номида шудааст ва ин моҳиятан онро ифода мекунад, ки сиёсати давлатӣ, асосан, ба беҳбуди шароити зиндагии ҳар як шахс равона шудааст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид шудааст, ки « …мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи Парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад». Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М: 1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад: Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа: - мутахассиси пешбари шуъбаи умумии ДВМ; - мутахассиси пешбари шуъбаи тарҷумонии ДВМ; - сармутахассиси зершуъбаи компютерии ДВМ; - сармутахассиси зершуъбаи меҳнат ва музди меҳнати Раёсати молия ва буҷет; - мутахассиси Хадамоти метрологии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ; - мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ; - мутахассиси пешбари Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ; - мутахассиси Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ; - мутахассиси пешбари рӯзномаи «Ҳомии Ватан»; - сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ; - сармутахассис клуби марказии варзишии артиш; - сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ; - мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ. |